Ссылки доступа

Додситони қирғиз хост, гумонбари парвандаи "қурбонии арӯсрабоӣ" 23 сол зиндонӣ шавад


Дар Қирғизистон айбдоркунандаи давлатӣ барои Марс Бодошев -- гумонбар дар куштори Бурулай Турдаалӣ, духтари қирғиз, ки дар шуъбаи пулис ба қатл расонда шуд, 23 соли зиндон талаб кард.

Додситон гуфт, айби Марс Бодошев дар ду ҳолат – рабудани Бурулай ва куштори ӯ исбот карда шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин хост, Акмат Сеитов, ки ба ҳамдастӣ дар рабудани духтар айбдор мешавад, 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Вале вакили дифои айбдоршавандаҳо Жуматай Абдраҳмонов мегӯяд, гуноҳи шахсони зери ҳимояаш исбот карда нашудаанд ва аз додгоҳ озодии онҳоро талаб дорад. Ба гуфтаи ӯ, далелҳое мавҷуд нестанд, ки исбот кунанд, Бодошев духтарро ба қатл расондааст. "Ҳамаи айбҳо дар асоси тахминзаниҳо эълом шудаанд", - афзуд вакили дифоъ.

Ҷониби ҳимоятгар бар ин аст, ки Марс Бодошев ва Бурулай Турдаалӣ ҳамдигарро дӯст медоштанд ва ҳеч гуна одамрабоие сурат нагирифтааст. Вакили дифоъ ҳамчунин бевосита даст доштани шахси зери ҳимояи худро дар куштори духтар зери суол қарор медиҳад.

Санаи баргузории мурофиаи навбатӣ 11 декабр муайян шудааст.

27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдаалӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Мард баъдан худро низ захмӣ кард. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи он дастур дод.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса эълом кард, ки 23 корманди он муҷозот шуда, аз ҷумла, 13 нафар аз мақоми худ барканор гаштанд.

Дар курсии айбдорӣ ду мард нишастаанд. Гумонбари асосӣ - Марс Бодошев ба рабудан ва куштори духтар айбдор аст. Ҳамсинфи ӯ Акмат Сеитовро ба он айбдор мекунанд, ки дар рабудани духтар ба Бодошев кумак кардааст. Бодошев 9 октябр дар додгоҳ рабудани духтарро ба гардан гирифт, вале гуфт, дар қатли ӯ даст надорад.

XS
SM
MD
LG