Ссылки доступа

Фаъолтарин хабарнигор ва беҳтарин ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистонро эълон карданд


Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта номи фаъолтарин хабарнигор, фаъолтарин ҳомии ҳуқуқ ва фаъолтарин созмони ғайриҳукуматиро эълон кард. Беҳтаринҳои арсаҳоеро, ки кор барояшон солҳои ахир назар ба ҳар соҳаи дигар дар Тоҷикистон сахту душвор шудааст.

Маросими тақдими ҷоизаҳоро ҳар сол Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун баргузор мекунад ва маросими имсола рӯзи 7-уми декабр дар Душанбе сурат гирифт. Наргис Зокирова, раиси созмон мегӯяд, ҳадаф аз тақдими ҷоиза ташвиқи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ ба фаъолияте мушкилест, ки онҳо пеша кардаанд.

Имсол Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка”- ро “барои мавқеи шаҳрвандӣ дар журналистика” хабарнигори фаъолтарини соли 2018 эълон шуд. Гуфта шуд, ки ин хабарнигор пайваста барои ҳаққи занону кӯдакон фаъолият мебарад ва мушкилоти рӯзмарраи онҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос мекунад.

Худи Гулнора гуфт, соли 2018 мисли чанд соли ахир барои хабарнигорон осон набуд, чун дахолати мақомот ба кори онҳо назар ба гузашта бештар шуд.

“Сол то сол ин зуҳурот бештар мешавад. То замоне, ки мо инро таҳаммул мекунем ва коре накунем, ин фишор идома меёбад. Барои рафъи ин мушкилот бояд муттаҳид шавем ва ба якдигар кумак намоем. Танҳо дар ин ҳолат метавонем, ки ба фишорҳо муқовимат нишон диҳем ва барои ҳуқуқи худ барои озодии баён, ки касе ҳақ надорад маҳдуд кунад, мубориза барем” -гуфт ӯ.

Имсол баръакси солҳои гузашта на ҳомии ҳуқуқе аз созмонҳои мустақил, балки як намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистонро “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол” эълон карданд.

Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун имсол Раъно Каримова, сардори Раёсати созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсиро сазовори ин унвон донист, зеро ба гуфтаи муассисони ҷоиза “Раъно Каримова бо назму адолат аз дигарон фарқ мекунад. Бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳамкории зич дорад ва барои фароҳам кардани шароити мусоид барои кори онҳо талош меварзад”.

Дар байни созмонҳое, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон кор мекунанд, Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун имсол бахши суғдии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистонро сазовори ҷоиза донист.

Ба гуфтаи намояндагони бюро гурӯҳи кормандони ин созмон имсол “барои таъмини риояти ҳуқуқи инсон” дар Тоҷикистон саҳми хос гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG