Ссылки доступа

Нигаронии кишварҳои ғарбӣ аз баста будани Озодӣ ва "Азия Плюс"


Кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки дастрасӣ ба сомонаҳои Радиои Озодӣ ва "Азия-Плюс"-ро барқарор кунад. Ин вебсайтҳо аз охири моҳи ноябр боз дастнорасанд. Корбарон барои хондани хабарҳо аз филтршикан истифорда мекунанд.

Сафоратҳои Бритониё, Олмон, Фаронса, Амрико ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабр аз пайваста масдуд шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ, "Азия-Плюс" ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Онҳо бо нашри изҳороти расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки озодии матбуотро "дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалиаш таъмин намояд".

"Мо бовар дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе сензура ва ё бе ҷазо кор кардан талаб менамояд. Илова бар ин, дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст", - гуфтанд онҳо.

Вебсайти Радиои Озодӣ аз рӯзи 30-юми ноябр ба ин тараф тариқи ҳама ширкатҳои мухобиротӣ дастнорас аст. Масъулони хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтанд, ки аз аввали моҳи декабр вебсайти онҳо низ бастааст. Мақомот то ба ҳол далели расмии бастан ё масдуд кардани вебсайтҳоро нагуфтаанд.

Дар гузашта низ сомонаҳои Радиои Озодӣ ва "Азия Плюс" барои муддате дастнорас буданд. Ин маҳдудият дар остонаи ба кор андохтани чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун бардошта шуда буд.

Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми декабр дар як нишасти бахшида ба ҳафтодумин солгарди Эъломияи ҳуқуқи башар дар Душанбе гуфт, ба зудӣ дақиқ хоҳанд кард, ки сабаби бастани ин ду вебсайт чист.

Ӯ гуфт, “дар робита ба сайтбандиҳо қаблан дархост карда будам, ки қонуни махсусе тасвиб шавад. Вале ин кор сурат нагирифт. Ҳоло мехоҳем дар мавриди баста шудани сомонаи Радиои Озодӣ ва сайти хабаргузории “Азия-Плюс” таҳқиқоте анҷом дода, муайян кунем, ки мақомот ба чӣ далеле дастрасӣ ба ин сомонаҳоро маҳдуд кардаанд.”

Дар ҷараёни ҷаласае дар Душанбе, ки ба ифтихори 70-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар баргузор шуд, инчунин, таҳқиқи мунсифонаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд тақозо шуд. Дар ҳамоише бо иштироки раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Душанбе ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ин мушкил ба унвони намунаҳои доғи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар кишвар ёд шуд.

Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико ва Мерилен Йосефсон, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар суханронии худ аз ҳодисаи пахши ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд ва баста шудани бархе аз сомонаҳои иттилоотӣ, назири сайти Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия Плюс” изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо аз ҷумла, аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон тақозо карданд, ки дар робита ба ин ду мавзӯъ таҳқиқоти вижа анҷом бидиҳад.

Аз ҷумла, рӯзи 10 декабр дар ҳошияи нишасти бахшида ба 70-солагии Эъломияи ҳуқуқи башар ​Мерилен Йосефсон, дар сӯҳбат бо матбуот ба савол оид ба дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ин охирҳо гуфт:

“Бархе бахшҳо аз назари мо шоҳиди пешрафт шудаанд ва яке аз онҳо масъалаи мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ аст. Тоҷикистон санади муқими байналмилалро дар заминаи мубориза бо шиканҷа тасвиб кард (протоколи факултативии мубориза бо шиканҷа).

Ин бахш баробар бо пешрафт инчунин мушкили зиёд дорад ва мавриди нигаронӣ боқӣ мемонад. Масъалаи дигар – таъмини дастрасии озод ба вебсайтҳои хабаррасон аст. Феълан мо шоҳиди дастрасии мушкил ба вебсайтҳои хабарии Радиои Озодӣ ва “Азия-Плюс” ҳастем ва ин бахш ҳам яке аз онҳоест, ки мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, ки талошҳои худро дар амри таъмини дастрасии мардум ба матбуоти озод ва вебсайтҳои хабаррасон дучанд кунанд”.

XS
SM
MD
LG