Ссылки доступа

Душанберо аз ҳисоби ноҳияҳои атроф васеътар мекунанд


"Тағйири сарҳади шаҳри Душанбе"- яке аз мавзуъҳои иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе мебошад, ки қарор аст, рӯзи 18-уми декабр баргузор шавад.

Қарори баргузории ҷаласаро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми декабр ба имзо расонид. Дар он омадааст, ки дар ин ҷаласа вакилони мардумии пойтахт, гузориш дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи имсол ва тарҳи буҷаи шаҳри Душанбе, барои соли 2019 - ро баррасӣ мекунанд.

Бештари деҳоти атрофи Душанбе ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ доранд ва аз ҷумла бозори азими Корвон дар Душанбе, ки аксарият фикр мекунанд, шомили қаламрави пойтахт аст.

Ба гуфтаи мақомот, иҷрои нақшаи умумӣ, аз ҷумла васеътар кардани пойтахт, “имкон медиҳад, вазъи иқтисодии шаҳру шароити зиндагиву кори мардум дар он беҳтар шавад ва ҳамингуна пойтахт ба тадриҷ рушд карда, “ба як маркази бузурги саноатӣ-фарҳангии Тоҷикистон табдил ёбад".

Масоҳати шаҳри Душанбе беш аз 126 километри мураббаъро ташкил медиҳад ва то 1-уми июни соли 2018 шумораи аҳолии он ба 900 ҳазор нафар мерасид.

Вале ба гуфтаи мутахассисон, бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва ҳамчунон муҳоҷирати дохилӣ аз навоҳии атроф ва ҳам рустоҳои дур ба Душанбе, дар пойтахт бештар аз 1 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Аз назари зичии аҳолӣ Душанбе дар Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро мегирад, чун дар ҳар як километри мураббаъи он тақрибан 6400 нафар зиндагӣ мекунанд.

Қаламрави Душанбе бори аввал нест, ки аз ҳисоби ноҳияҳои атроф бузургтар мешавад, аз ҷумла дар гузашта, бахше аз ноҳияи Варзобро, ки канори Душанбе аст, ба пойтахт доданд.

Дар моҳи марти имсол ҳамчунин ҳукумат Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Душанбе то соли 2025 тасдиқ кард ва васеътар кардани қаламрави пойтахт, яке аз бахшҳои ин барнома дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG