Ссылки доступа

TheDailyTelegraph: Алишер Усмонов шомили "рӯйхати сиёҳ"-и Бритониё шуд


Дар Бритониё рӯйхати "олигархҳои рус"-ро таҳия карданд, ки мумкин аст, нисбаташон чораҳои гуногуни маҳдудкунанда андешида шавад. Дар ин рӯйхат шаш тоҷир, аз ҷумла Алишер Усмонов шомил шудааст, хабар медиҳад The Daily Telegraph.

Ба иттилои ин расона, рӯйхати иборат аз шаш тоҷири рус - Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Олег Дерипаска, Аркадий ва Борис Ротендергҳо ва инчунин Игор Сечинро сарвазири Бритониё Тереза Мэй тасдиқ кардааст.

Рӯйхати мазкур ба ҳукуматҳои кишварҳои шарики Бритониё дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ фиристода мешавад.

Як манбаи The Daily Telegraph дар ҳукумати Бритониё гуфт, ҳадафи чораандешиҳои Лондон "маҳдуд кардани фаъолиятҳои онҳо, имконоташон барои кӯчидан ва кор кардан дар Аврупо, Бритониё ва ҳар ҷои дигари дунё" аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати нашрия, дар рӯйхат асосан онҳое шомил шуданд, ки "бо президенти Русия Владимир Путин робитаи наздики касбӣ ва молӣ доранд".

Ба иттилои нашрия, мумкин аст, равуои ин одамон ба Бритониё маҳдуд шавад.

Ин дар ҳолест, ки Абрамович ва Усмонов давоми солҳои тӯлонӣ моликони бошгоҳҳои футболи "Челсӣ" ва "Арсенал"-и Лондон буданд. Тобистони имсол Усмонов саҳмашро дар бошгоҳи "Арсенал" (30%) ба тоҷири амрикоӣ Стэн Кронке бар ивази £550 млн фурӯхт.

Бино ба иттилои маҷаллаи Forbes, охири моҳи ноябри имсол дороии Алишер Усмонов 12,5 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Владимир Путин ахиран Алишер Усмонов ва ҳамсараш Ирина Винер-Усмоноваро бо ордени "Барои хизмати Ватан" қадрдонӣ кард.

XS
SM
MD
LG