Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар ярмаркаи солинавии Страсбург: 3 кас ҷон бохтанд


Шаби сешанбе дар ярмаркаи солинавӣ дар маркази шаҳри Страсбурги Фаронса тирпаронӣ сурат гирифт, ки 3 кушта ва 7 захмӣ бар ҷой гузошт. Ба иттилои телевизиони BFMTV, вазъи захмиҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагар чанд маротиба аз чанд ҷониб оташ кушодааст. Пулис шахсияти гумонбарро муайян кард. Ӯ дар гузашта зери пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будааст.

Маҳалли ҳодиса иҳота шуда, ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр қатъ гаштааст. Феълан сабабҳои ҳодиса маълум нест ва тафтиши он зери назорати идораи мубориза зидди терроризм идома дорад. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон вазири умури дохилӣ Кристоф Кастанерро ба Страсбург фиристод.

Ба иттилои AFP, бинои порлумони Аврупо дар Страсбург баста шуда, кормандон ва рӯзноманигорон наметавонанд, онро тарк кунанд. Қарор аст, имрӯз ҷаласа бо иштироки садҳо аъзо баргузор шавад.

Дар Фаронса тақвияти чораҳои амниятие, ки соли 2015 дар натиҷаи ҳамлаи террористии Порис андешида шуда буд, ҳифз мешавад. Тайи се соли ахир дар Фаронса чанд ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки беш аз 200 кушта бар ҷой гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG