Ссылки доступа

Дар Қирғизистон давлат ба волидони кӯдакони маъюб маош медиҳад (видео)


Безработные родители детей с инвалидностью в Кыргызстане будут получать зарплату
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:01 0:00

Дар Қирғизистон ҳукумат пас аз 15 сол розӣ шуд, ба волидони кӯдакони маъюбе маош диҳад, ки маҷбуранд, тамоми вақти худро ба нигоҳубини фарзандонашон сарф кунанд.

"Ин лоиҳа, пеш аз ҳама ба он равона шудааст, ки кӯдакон дар оила калон шаванд. Ҳадафи дувуми лоиҳа дастгирии волидоне аст, ки ҳамеша машғули нигоҳубини кӯдакони маъюби худ ҳастанд", – гуфт раҳбари Идораи меҳнати Вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистон Маҳабат Турдумаматова.

Шаш ҳазор аҳолии Қирғизистон аз моҳи феврал маоши мазкурро хоҳанд гирифт. Онҳо санади тиббиеро доранд, ки кӯдаконашон ба нигоҳубини доимӣ ниёз доранд. Ҳамчунин бояд дар бонк ҳисоб боз ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кард.

Нигоҳубуни кӯдакони маъюбро на танҳо яке аз волидон, хешовандон низ метавонанд бар зимма бигиранд. Дар ҳоли ҳозир, давлат барои онҳо 5 ҳазор сом (75 доллар) маош муайян кардааст. Пардохти бима ва патентро бо харҷҳои расмиёташ ҳукумат ба зиммаи худ гирифтааст. Ин пардохтҳо ба фонди нафақа хоҳанд рафт.

"Ин танҳо кумаки моддӣ нест. Фарз кунед, 24 соат бояд кӯдаки маъюбро нигоҳ кунед ва шахсе ҳаст, ки бар ивази ин маблағ фарзанди шуморо нигоҳубин мекунад ва шумо метавонед рафта кор кунед, ки ин кумаки равонӣ ҳам мешавад", - мегӯяд раиси иттиҳодияи ҷамъиятии "Даст ба даст" Ҷилдиз Содиқов.

Маблағе, ки давлат ба волидони кӯдакони маъюб пардохт мекунад, 15 дарсади харҷи хонаводаро рӯйпӯш хоҳад кард. Мақомот пас аз 15 сол билоахира ба ин дархости сокинон таваҷҷуҳ карданд.

XS
SM
MD
LG