Ссылки доступа

Бибӣ барои қатли наберааш 18 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон Ҳоҷарой Ашӯрова, сокини 58-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо ҷурми қатли набераи хурдсолаш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 11-уми декабр гуфт, Ашӯрова муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.

Куштори Беҳрӯзҷони сесола 12-уми сентябри имсол рух дода, ҷасадашро баъди шаш рӯзи он пайдо карданд. Ҳоҷарой Ашӯрова, модарбузурги Беҳрӯзҷон, ба муфаттишон гуфтааст, ки аз ҷанҷолу нофармонии келини хонавода (духтари хоҳараш, ҷиян) ба дод омада буд ва мехост, аз ин тариқ интиқом бигирад.

Куштори набера аз тарафи бибиаш дар ҷамоати “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сару садои зиёдеро ба бор овард. Тафтишот гуфта буд, пиразан кӯдакро ба канале, ки аз он ҷо об мегузашт, бурда ва дар зери лой гӯрондааст. Ҷасади кӯдак рӯзи 18-уми сентябр дар ҳолати порашуда ошкор шуд.

XS
SM
MD
LG