Ссылки доступа

Додгоҳи Канада мудири молии Huawei-ро дар ивази $7,5 млн гарав раҳо кард


Додгоҳи Канада дар ивази 7,5 миллион доллари гарав Мэн Ванчжоу - мудири молӣ ва духтари муассиси ширкати Huawei-и Чинро аз боздошт раҳо кард.

Вай ҳамчунин вазифадор шуд, ки дастбанд ё ҳалқаи электронӣ бандад, шиносномаашро таслими мақомот кунад ва аз соати 11 шаб то 6 субҳ дар хона бошад. Ин қарор баъди се ҷаласаи додгоҳӣ дар вилояти Колумбияи Бритониё қабул шуд, хабар медиҳанд расонаҳои ҷаҳонӣ.

Мэн Ванчжоу бо дархости ИМА рӯзи 1 декабр дар Канада боздошт шуд. ИМА мудири молии Huawei-ро дар риоя накардани таҳримҳои Амрико зидди Эрон гумонбар медонад. Ванчжоу баъдтар ба ҳабс гирифта шуд ва ин боиси уфти бозорҳои молӣ гардид.

Huawei - яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи дастгоҳҳои мобилӣ ва телекоммуникатсионӣ аст, ки дар Чин фаъолият мекунад. Дар Вашингтон бар ин боваранд, ки тавассути дастгоҳҳои ин ширкат мақомоти Чин иттилои дархури манфиатҳои молӣ ва ё низомии Пекинро ҷамъоварӣ мекунанд. Пештар аз ин ИМА ширкати Huawei-ро аз ҳаққи фароҳам кардани дастгоҳҳо барои истифодаи давлатӣ манъ кард. Мақомоти Австралия ҳам аз истифодаи дастгоҳҳои Huawei парҳез карданд.

XS
SM
MD
LG