Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон шумори занҳои танфурӯш дар як сол 400 нафар зиёд шудааст (видео)


Маъмурони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи имсол ҳудуди 6 ҳазор занро ҳамчун "бадахлоқ" ва танфурӯш сабт кардаанд. Ба иттилои расмӣ, аз ин шумора 32 нафар ноболиғ буда, 1500 нафар аз 18 то 30-сола ва боқимонда аз 30-сола боло ҳастанд.

Мақомот гуфтанд, ки шумори занони, ба истилоҳи расмӣ “бадахлоқ”, аз ҷумла танфурӯшҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 400 нафар бештар шудааст.

Номи Заррина, як мусоҳиби мо, бори аввал вориди феҳрасти танфурӯшҳо шудааст. Вай 28 сол дорад ва ба қавли худаш чаҳор моҳ пеш ба кӯчаи танфурӯшӣ рафт.

“Соле қабл бо умеди кору зиндагӣ аз як ноҳияи дурдаст ба Душанбе омадам. Зиндагӣ барои ман барин зани ҷавон, ки аз шавҳар талоқ гирифтааст, осон набуд. Кори муносиб пайдо нашуд ва бо тавсияи чанд шиноси навам, ки ҳангоми кор дар ошхона ошно шуда будем, ин роҳро интихоб кардам”, - нақл кард ӯ рӯзи 11-уми декабр.

Заррина мегӯяд, ҳарчанд бисёриҳо танфурӯширо “роҳи осони пулёбӣ” медонанд, дар асл чунин нест ва мушкилу хатарҳои худро дорад. Ӯ гуфт, “хатари аслӣ афтодан ба дасти маъмурони милиса аст. Занони танфурӯш зери назорат ҳастанд ва вақте бо гумони танфурӯшӣ боздошт мешаванд, ҷарима ва ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 15 рӯз таҳдид мекунад. Инчунин, хушунату зӯроварӣ ва мубтало шудан ба бемории норасоии масунияти бадан".

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло аз тарси маъмурони милиса дар кӯчаҳо муштарӣ намекобанд. “Нафароне ҳастанд, ки бо мардҳо гап мезананд ва баъдан вобаста ба табъу хоҳиши онҳо моро интихоб мекунанд. Чандон пули зиёде кор намекунем, вале агар инро ҳам накунем, намешавад. Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки вақте ба ин роҳ рафтӣ, одат мекунӣ ва баргаштан осон нест”, - афзуд Заррина.

Матраҳ кардани мавзӯи занони танфурӯш дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои охир чизи нав нест. Мақомот аз роҳи боздошт ва “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо мебошанд. Аммо созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба набуди кор ва даромади занон ҳамчун сабаби афзоиши ин гурӯҳ ишора мекунанд.

Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд.

В Таджикистане зарегистрировано 6 тыс секс-работниц
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:33 0:00

XS
SM
MD
LG