Ссылки доступа

Дар шаҳри Оқтойи Қазоқистон ду одам дар натиҷаи таркиш кушта шуданд


Дар шаҳри Оқтойи Қазоқистон дар натиҷаи таркиш ду кас кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, 11 декабр дар минтақаи саноатии қабули оҳанпораҳо таркиш рух дод. "Дар пайи таркиш панҷ кас маҷруҳ шуда, дар натиҷа ду тани онҳо фавтиданд", - омадааст дар хабар.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов гуфт, ҳоло дақиқ нест, ки чи маводе таркидааст.

"Онҳо ҷамъоварандагони оҳанпораҳо ҳастанд. Сабти номи расмӣ нашудаанд. Аз саҳро оҳанпора ҷамъ оварданд ва дар нахустин нуқтаи қабули оҳанпора супориданд. Ҳамин ҳангом таркиш рух додааст. Қабулкунандаи оҳан ва яке аз онҳое, ки оҳанпора оварда буд, фавтидааст", - гуфт вазир.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG