Ссылки доступа

Вакили дифои пешини Доналд Трамп 3 сол зиндонӣ шуд


Майкл Коэн
Майкл Коэн

Вакили дифои пешини президенти ИМА Майкл Коэн 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Коэн дар саркашӣ аз пардохти андоз, нақзи қонуни сармоягузории маъракаи интихоботӣ ва додани иттилои дурӯғ ба Конгрес айбдор эълом гашт.

Коэн дар додани 130 ҳазор доллар ба ду зане иштирок доштааст, ки бар ивази ин маблағ бояд робитаҳои ошиқонаи худро бо Доналд Трамп пинҳон медоштанд. Ҳамчунин ӯ дар бораи нақшаҳои сохтмонии президенти ИМА дар Москва ба Конгресс дурӯғгӯӣ кардааст.

Додситонӣ мегӯяд, президенти ИМА шахсан ба Коэн дастур додааст, ки ба занҳо пул диҳад. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳар ду бо ин амали худ қонуни сармоягузории маъракаи интихоботии ИМА-ро нақз кардаанд.

Коэни 52-сола ҳар ду гуноҳро ба гардан гирифт. Вале аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо тафтишот худдорӣ кард, ки аз ӯ баёнот додан зидди қонуншиканиҳои афроди дигарро талаб мекард.

Доналд Трамп айбдории худро рад карда, додани пул ба занҳоро "муомилоти шахсӣ" номид. Вакили дифои ӯ Рудӣ Ҷулианӣ низ исрор дорад, ки ҳадаф аз додани пул ба занҳо ҳифзи обурӯ буд, на наҷоти номзадӣ.

XS
SM
MD
LG