Ссылки доступа

Тафтиши парвандаи додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров ба поён расид


Тафтиши парвандаи додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров ва 24 нафаре, ки дар доираи парвандаи ӯ боздошт шуданд, ибтидои моҳи равон ба поён расидааст. Ҳамаи ин афрод ба “тамаъҷӯӣ”, “сӯистифода аз мақом “ ва “гирифтани пора” айбдор мешаванд.

Ба огаҳии Додситонии кулли Ӯзбекистон, дар доираи "парвандаи Қодиров" 24 нафар боздошт шудааст, ки бештарашон кормандони пешини мақомоти додситониянд. Ба гуфтаи вакили дифои яке аз гумонбарон, ба ӯ то 25 декабр муҳлат додаанд, ки бо айбнома шинос шавад.

Рашид Қодирови 66-соларо, ки тайи 15 соли ахир додситони кулли Ӯзбекистон буд, моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор ва 22 феврали соли равон дар шаҳри Тошканд барои анҷоми як қатор ҷиноятҳо дастгир карданд. Бино ба хабарҳо, дар давоми даҳ моҳи ҳабси ӯ раҳбари гуруҳи тафтишотӣ борҳо иваз шудааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли равон дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Улуғнор гуфт, дар давоми ду - се моҳи оянда додситони кулли пешин ба воситаи телевизион тавба хоҳад кард.

“Ҳоло додситони кул бо гуруҳаш дар зиндон аст. Пас аз ду – се моҳ тавре мекунам, ки ба воситаи телевизион ҳама чизро бигӯяд. Зеро ӯ дар ҳама ҷой коррупсияро паҳн кард. Аз ҳар додситони ноҳия 30-40 ҳазор доллар мегирифтааст. Дузди воқеӣ буд. Бинобар ин, аз мақомоти додситонӣ 70%-и кормандон барканор шуданд. Шахси бовиҷдонеро ба ҷои ӯ таъйин кардам. Агар касе хиёнат кард, аз пушти ӯ хоҳад рафт”, - изҳор дошт Мирзиёев.

Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон 5 марти соли равон писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Зидди падару писар ба маблағи ниммиллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.

XS
SM
MD
LG