- Ахбори Озодӣ аз 12 декабри соли 2018. Афсари БДА духтари 19-соларо бо мошинаш пахш кард Ҳабси як зан барои заҳролуд кардани шавҳар ва ду фарзанд Каромат Шарифов аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон розӣ нест. Марди муттаҳам дар “арӯсрабоӣ” ва куштор 20 сол гирифт. Озодии динӣ дар Ӯзбекистон беҳтар шудааст. (видео)
- Каромат Шарипов: "Ихроҷи ман аз Русия одамфурӯшӣ аст!" Ҳомии ихроҷшудаи муҳоҷирони тоҷик Каромат Шарипов мегӯяд, аз ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон қонеъ нест ва меафзояд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набудааст. Ӯ ихроҷашро одамфурӯшӣ меномад (видео)
- Ӯзбекистон – як зина боло, Тоҷикистон – "мавриди нигаронии хос"-и ИМА. Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ дар бораи озодиҳои динӣ мақоми Ӯзбекистону Покистонро тағйир додааст. Масъулони департамент рӯзи 11-уми декабр дар Вашингтон гуфтанд, ки номи Узбекистон аз гуруҳи "кишварҳои мавриди нигаронии хос" берун шуд (видео)
- "Мехоҳам ба Рустами Эмомалӣ монанд бошам". Бархе аз ҷавонҳои тоҷик мехоҳанд, ки дар зоҳир ба шаҳрдори Душанбе монанд бошанд. Масъулони сартарошхонаҳои пойтахт гуфтанд, дар як рӯз дастикам то чаҳор ҷавон аз онҳо мехоҳанд, ки мӯи сарашонро ба мисли мӯи сари Рустами Эмомалӣ ороиш диҳанд (видео)
- Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе. Манзили беш аз дуним аҳолии як маҳаллаи Душанбе беш аз ду даҳсола боз дар ҳеч куҷо сабтином нашуда ва “дар ҳаво муаллақ мондааст”. Сокинони ин хонаҳо ҳақ надоранд, ки худро дар манзили зисташон сабтином кунанд (видео)
- Тирпаронӣ дар Страсбург: дар ярмаркаи солинавӣ чи рух дод. (видео аз Директ)
- Он чи дар бораи тирпаронии Страсбург маълум аст. (видеои Настоящее время)
- Дар Қазоқистон мехоҳанд, дар 5 соли оянда шумори талоқҳоро 30% кам кунанд (видео аз Директ)
- Айтматов дар аксҳои хонандагонаш 12 декабр зодрӯзи нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов аст. Дар ин маҷмуа ба шумо аксҳоеро пешниҳод хоҳем кард, ки қаблан нашр нашудаанд (нигористон)
- Оё дар ниҳоят брекзит сурат мегирад? Тереза Мэй раъйдиҳии ҳалкунандаро дар робита ба хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо ба таъхир гузошт. Вай гуфт, бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо бояд иловатан гуфтугӯ сурат гирад (видеои Настоящее время)
- “Ингунаҳоро бояд паронд”. Бойгонии КГБ-и Украина дар бораи Солженитсин чи мегӯяд. Настояшее Время бахшида ба 100-солагии Александр Солженитсин маҷмуи санадҳои КГБ-и Украинаи шӯравиро нашр мекунад, ки дар онҳо дар бораи нависанда ва эҷодиёти ӯ гуфта шудааст. (Инфографика)
- Чаро мансабдорони Қазоқистон барои худ хона мехаранд, аммо мактаб намесозанд. Дар Қазоқистон мақомоти давлатӣ 28 миллиард танга ё бештар аз 75 миллион доллари буҷаро натавонистанд харҷ кунанд. Дар ҳамин ҳол, бархе мансабдорон дар вилоятҳои он кишвар аз пули буҷа барои худ хона харидаанд (видеои Настоящее время)
- Ҳуқуқи инсон дар эъломия ва воқеият — тести онлайнӣ. (Инфографика)
- СИЗО бе низоми гармидиҳӣ - Қазоқистон ҳуқуқи зиндониёнро чи гуна риоя мекунад (видеои Настоящее время)
- Зара Муртазалиева: "Духтаронро дар назди девор рост монда, бо чӯбдаст мезаданд". Зара Муртазалиеваро соли 2004 ба омодагӣ барои теракт дар маркази тиҷории "Охотний Ряд" айбдор ва 8,5 сол зиндонӣ карданд. Вале ӯ гуноҳро ба гардан нагирифт. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки парвандаи духтари чечен сохтааст. Муртазалиева пурра муҳлати ҷазояшро адо кард. Ҳангоми боздошт ӯ 20 сол дошт. (видео аз Директ)
- Дар Тоҷикистон ҳудуди 6000 зани танфурӯш ба қайд гирифта шудааст. (видео)
- Русия чаро дар Қрим нерӯҳояшро афзоиш медиҳад? Русия нерӯҳояшро дар Қрим бештар мекунад. Баҳри Сиёҳро аз ин ба баъд маҷмааҳои зиддимушакии "Бал" ва "Бастион" назорат мекунанд (видео аз Директ)