Ссылки доступа

Порлумони Аврупо аз қатъи лоиҳаи "Ҷараёни шимол-2" ҷонибдорӣ кард


Порлумони Аврупо аз қатъи сохтмони лӯлаи "Ҷараёни шимол-2" ҷонибдорӣ кард. Вакилон бар ин боваранд, ки "Ҷараёни шимол-2" "лоиҳаи сиёсист". Рӯзи 12 декабр аз қатънома 433 вакил ҳимоят карда, 105 каси дигар раъйи мухолиф доданд ва 30 тани дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Порлумони Аврупо гуфт, дар низоми таъмини энержии Аврупо нақши калидиро Украина мебозад ва "Ҷараёни шимол-2" ба амнияти энержии Аврупо хатар дорад.

Палатаи намояндагони конгресси ИМА рӯзи 12 декабр қатъномаеро қабул кард. Бо қабули он ИМА аз ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати "Ҷараёни шимол-2" ҳимоят ва аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки аз ширкат дар лоиҳаи мазкур худдорӣ варзанд. Дар ҳоли ҳозир Конгресси ИМА наздики даҳ ҳуҷҷатеро баррасӣ дорад, ки зидди бахшҳои энержии Русия ва имконоти содироти он равона шудаанд. ИМА мехоҳад, ба ин тартиб вобастагии Аврупоро аз нафту гази Русия кам кунад.

"Ҷараёни шимол-2" қарор аст, аз баҳри Балтик убур карда, гази Русияро то Олмон расонад. Интизор меравад, сохтмони ду лулаи газ, ки иқтидори умумиашон 55 млрд метри мукааб газро дар сол дар бар мегирад, охири соли 2019 анҷом шавад. Сохтмони лоиҳаро ширкати русии "Газпром" бар уҳда дорад ва ширкатҳои олмонии Uniper ва Wintershall, гуруҳи англисиву ҳолландии Royal Dutch Shell, ширкати фаронсавии Engie ва австрагии OMV дар ин сохтмон шариканд. Арзиши умумии сохтмон 9,5 миллиард евроро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG