Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск гуфт, таҳримҳо барои он дубора дароз карда шуданд, ки Москва дар иҷрои созишномаи Минск ҳеч гуна пешрафтеро нишон надод. Ҳамчунин ба гуфтаи мансабдорони аврупоӣ, Русия аз баргузории интихоботҳо дар минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳон, ки хилофи қонунҳои Украина буданд, ҷонибдорӣ кард.
Таҳримҳои ИА зидди Русия соли 2014 дар робита ба ишғоли нимҷазираи Қрим ва ҳимояти Москва аз ҷудоихоҳон дар Донбасс эълом шуда буданд. Муҳлати онҳо ҳар шаш моҳ тамдид мешавад.
Русия иштироки бевоситаи худро дар низои шарқи Украина рад мекунад ва ишғоли Қримро "барқарории адолати таърихӣ" меномад.