Ссылки доступа

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Порлумони Қирғизистон дар қироати аввал бекор кардани масунияти президентҳои пешинро қабул кард (видеои Настоящее время)

- Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик. Соли 2018 барои муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна буд. Ин сол бо қатли Ҳувайдои 5-сола, "футболи" муҳоҷирони тоҷик, боло рафтани қимати патент, дархост барои афви муҳоҷирони рондашуда ва наҷоти зану навраси рус дар ёди садҳо муҳоҷири тоҷик мемонад (видео)

- Рамазон Раҳимзода доктори илм мешавад. Баъди ду ҳафтаи дигар генерал Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – ба сафи докторони илми ҳуқуқ мепайвандад. Қарор аст, ки Раҳимзода рӯзи 29-уми декабри имсол дар Комиссияи олии аттестасионӣ ва дар ҳузури олимони ҳуқуқшинос рисолаи докториашро ҳимоя кунад (видео)

- Оё ӯзбекҳо ба нӯшидани шароб рӯй хоҳанд овард? Наздик ба 30 сол аст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пароканда шуда, ҷамоҳири соҳибистиқлол роҳи худро пеш гирифтаанд. Дар Узбекистон мардум ҳанӯз ҳам ба одати замони шӯравӣ- "нӯшидани водка" майл нишон дода, ба шароби маҳаллӣ, ки таърихи чандин ҳазорсола дорад, зиёд таваҷҷуҳ надоранд (видео)

- Нозирони маҷруҳи зиндони Хуҷандро барканор карданд. Бо гузашти беш аз як моҳ аз ошӯби хунин дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд то ба ҳол тафтиши ин ҳодиса ниҳоӣ нашудааст. Гузашта аз ин мақомот ба бозпурсии зиндонбонҳое, оғоз намуданд, ки дар ҷараёни исён маҷрӯҳ шуда дар бемористон буданд. Ин нозирони маҳбас аз вазифа озод гардидаанд (видео)

- Подполковники милиса ба дузанагӣ муттаҳам шуд. Додгоҳи шаҳри Ҳисор ба муҳокимаи подполковники милиса Санъатулло Саъдуллоев оғоз кардааст, ки ба дузанагӣ муттаҳам мешавад. Мурофиа рӯзи 12-уми декабр сар шуд (видео)​

- Қазоқҳои Эрон чи рӯзгоре доранд. Гуруҳи хурде аз қазоқҳо аз Мангишлак дар ибтидои асри 20 баъди хушкиҳову инқилобҳо дар ҳудуди шӯравии пешин, ба Эрон кӯчиданд. Онҳо дар вилояти Гулистони Эрон зиндагӣ ихтиёр карданд. Ҳоло шуморашон ба 3 ҳазор мерасад (нигористон)​

- Гиребонгирӣ дар порлумони Гурҷистон. Баҳси лафзӣ миёни роҳбари "Эътилофи меҳанпарастон" Ирма Инашвилӣ ва яке аз роҳбарони "Ҳаракати миллӣ" Ника Мелия дар порлумон, ки дирӯз натиҷаҳои интихоботро баррасӣ мекарданд, ба гиребонгирӣ печид (видео)

- Як низомии русро дар қатли сокини Қумрии Арманистон гумонбар мекунанд (видео аз Директ)

- Шаҳри валс дар зери пойи Сталин. Аксҳои Венаи шӯравӣ. Акси Сталин дар кӯчаҳои пойтахти Австрия. Ва акси Ленин дар деворҳо. Ин ҳам қисме аз таърихи Шаҳри валс аст (нигористон)​

- Мария Бутина "ширкат дар тавтиа бо ҳадафи зарба задан ба ИМА"-ро эътироф кард (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG