Ссылки доступа

Дар Туркманистон сокинон ҳафтаҳо пушти дари мағозаҳо дар навбати орд меистанд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон камбуди орд идома дорад. Дар мағозаҳои давлатӣ орд дар фурӯш нест, вале дар мағозаҳои хусусӣ нархи он дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар бархе аз ноҳияҳои вилояти Дашоғуз ҳафтаҳо орд ба фурӯш гузошта намешавад.

"Дар тӯли ҳафта ҳар рӯз ба мағоза сар задам. Соли нав наздик мешавад. Дар хона як зарра орд нест", - гуфт як сокини вилояти Дашоғуз.

Ба гуфтаи вай, аз 3 то 7 декабр мағозаи давлатӣ дар маҳалли истиқомати ин сокин баста буд.

"Мо боре ҳам натавонистем аз мағозаи давлатӣ орд бихарем. Ҳамарӯза онҷо меравем. Ин рӯз ҳам наздики 20 сокин назди мағоза то соати 12.00 интизорӣ кашиданд. Ҳафтаи ҷорӣ ҳам мағоза боз нашуд", - гуфт сокини Дашоғуз.

Дар яке аз дигар мағозаҳои вилояти Дашоғуз сокинон барои харидани орд дар рӯйхат номнавис мекунанд.

"Бародари ман 700-ум одам аст дар рӯйхат. Навбати вай танҳо баъди 4 моҳ мерасад", - гуфт як сокини дигари Дашоғуз.

Мақомоти Туркманистон камчинии ордро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG