Ссылки доступа

Дар Қазоқистон интиқодгари ғизои ошхонаи мактабро ба додгоҳ кашиданд (видео)


Дар Қазоқистон баҳси додгоҳии омӯзгор ва рӯзноманигоре идома дорад, ки роҷеъ ба сифати ғизои ошхонаи мактаб нигаронӣ карданд. Соҳибкоре, ки ошхонаро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекунад, барои ҳифзи "эътибори корияш" ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Омӯзгори мактаби миёнаи деҳаи Мияли ноҳияи Қизилқоғаи Қазоқистон Ойгул Муксанова дар Фейсбук норозигии худро ба сифати ғизои ошхонаи мактаб баён кард. Ӯ 5 хонандаеро акс гирифта, дар интернет нашр кард, ки аз хурдани ғизои ошхона худдорӣ мекунанд.

Пас аз нашри аксҳо соҳибкор Меруерт Нурмагамбетова, ки ошхонаи мактабро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекард, зидди омӯзгор ба додгоҳ шикоят карда, ӯро дар "паст задани шаъну шараф ва эътибори касбӣ" айбдор кард. Соҳибкор аз Муксанова нашри раддия ва 2 миллиону 700 ҳазор танга (ҳудуди 7300 доллар) ҷуброни маънавӣ талаб дорад.

“Аз Муксанова хостем, ки узр бипурсад ва раддия чоп кунад. Вале ӯ ин корро накард. Бинобар ин, ба додгоҳ муроҷиат кардем. Пас аз навиштаи ӯ фаъолияти моро хеле санҷиданд. Фишори хуни модари ман баланд шуду хеле ранҷ кашид. Эътибори кори мо низ халалдор шуд. Аз ин рӯ, ҷуброни маънавӣ талаб дорем”, - гуфт намояндаи ҷониби даъвогар.

Ин бори аввал нест, ки фаъолони қазоқ аз сатҳи пасти ғизои ошхонаи мактабҳо нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ошхонаи мактабҳо ба кӯдакон ғизое пешниҳод мешавад, ки ба саломатии инсон зарар дорад.

Кумитаи ҳифзи саломатии ҷамъияти Қазоқистон 12 декабр дар пайи шикояти бештари волидон рӯйхати ғизоҳои мамнуъ дар ошхонаи мактабҳоро нашр кард.

XS
SM
MD
LG