Ссылки доступа

Дар фурудгоҳи Тошканд маҳри зани намангониро мусодира карданд


Сокини 26-солаи вилояти Намангони Ӯзбекистон Ю. Д., ки тобистони имсол бо марди турке издивоҷ карда буд, мегӯяд, маъмурони гумруки фурудгоҳи Тошканд аз ӯ ҷавоҳиротеро мусодира карданд, ки шавҳараш ҳамчун маҳр туҳфа карда буд.

Ба гуфтаи ин зан, кормандони гумрук бар ивази баргардонидани ҷавоҳироти мусодирашуда 400 доллари амрикоӣ пора талаб карданд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ахиран додгоҳи шаҳри Тошканд низ мусодираи ҷавоҳироти ӯро қонунӣ номида, ҳамчунин ба пардохти 368 ҳазор сӯм (ҳудуди 45 доллар) ҷарима вазифадор кардааст.

Маъмурони гумруки фурудгоҳи Тошканд ҷавоҳироти занро субҳи 8 сентябри соли равон, ҳангоми бозгашти ӯ аз Истамбул ба пойтахти Ӯзбекистон мусодира карданд.

"Дар фурудгоҳи Тошканд касеро надидам, ки эъломия пур кунад. Бинобар ин, ба ёди ман ҳам наомад, ки эъломияро пур кунам. Маро кормандони гумрук боздошта, гуфтанд, ки ҷавоҳироти худро ғайриқонунӣ мегузаронам. Чанд соат маро нигоҳ доштанд. Бо худ дар ҳаҷми 117 грамм ҷавоҳирот доштам, 57 грамми онҳоро гирифтанду боқиро баргардонданд", - афзуд ӯ.

Дар Кумитаи гумруки Ӯзбекистон гуфтанд, ки бар пояи қонун, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад, бе пардохти боҷи гумрукӣ на беш аз 65 грамм ҷавоҳирот ба кишвар ворид кунад. Барои аз 65 грамм бештар ворид кардан, бояд эъломия пур ва боҷи гумрукӣ пардохт кард.

XS
SM
MD
LG