Ссылки доступа

Порлумони Ирландия исқоти ҳамлро қонунӣ кард


Порлумони Ирландия рӯзи панҷшанбе ба ҷонибдорӣ аз қонунигардонии исқоти ҳамл ё фигонаро раъй дод. Қонун баъди аз сӯи президент имзо шудан ба иҷро медарояд.

Ҳамакнун дар Ирландия фигона то ҳафтаи 12-уми ҳомиладорӣ мумкин мешавад. Ҳамчунин занҳо метавонанд, дар сурати пеш омадани хатар ба саломатии модар, дар давраҳои дертар ҳам исқоти ҳамл кунанд. Сарвазири Ирландия Лео Варадкар тасмими порлумонро "гоми таърихӣ барои занҳои ирландӣ" номид.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ 68 дарсади ирландиҳо ба ҷонибдорӣ аз қонунигардонии фигон ё аборт раъй доданд.

Дар ҳоли ҳозир қонуни манъи фигона дар Ирландия яке аз сахттарин қонунҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Барои исқоти ҳамл то 14 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Ба ҷуз ин, дар он кишвар фурӯши доруҳои пешгирикунандаи ҳамл манъ аст. Ҳатто дар сурати таҷовуз ба номус ҳам фигона манъ буд. Дар соли 2013 порлумон қонунро каме сабук карда, иҷозат дод, ки дар сурати эҷоди хатар зан метавонад, бача партояд.

Ҳамасола бештар аз 3 ҳазор ирландӣ барои қатъи ҳомиладорӣ ба Бритониё мераванд. Дар солҳои 1980 то 2016 170 ҳазор зани ирландӣ дар берун аз ин кишвар бача афтондаанд.

XS
SM
MD
LG