Ссылки доступа

Сарвазири Ӯзбекистон барои баррасии масоили марзӣ ба Қирғизистон меравад


Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон рӯзи 18 декабр ба Қирғизистон меравад ва бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев дар шаҳри Ӯш мулоқот мекунад.

Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳайатҳои ду кишвар масоили марзиро баррасӣ мекунанд.

"Дар шаҳри Ӯш 18 декабр ҷаласаи дувуми Шӯрои сарони вилоятҳои наздимарзии Ӯзбекистон ва намояндагони босалоҳияти ҳукумати Қирғизистон дар вилоятҳои наздимарзӣ баргузор мешавад", - омадааст дар хабари вазорат.

Ин шӯро дар асоси созишномае ташкил шудааст, ки моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон ба имзо расида буд.

Ҷаласаи нахустини Шӯро 29-30 марти соли ҷорӣ дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон барпо шуда буд.

XS
SM
MD
LG