Ссылки доступа

Идомаи боздошти фаъолони маданӣ дар Қазоқистон


Бино ба хабарҳо, имрӯз дар шаҳри Алматои Қазоқистон чандин фаъоли маданӣ боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шуданд.

Ринат Рафхат, ҳомии ҳуқуқ Бахитҷон Торегожина ва вакили дифоъ Гулнора Жуаспаева хабар доданд, ки 17 декабр ҳомии ҳуқуқ Ерлан Калиев, раҳбар ва бунёдгузори нашрияи "Дат" Ермурод Бапӣ, фаъолони маданӣ Суиндик Алдабергенов, Геройхон Кистаубоев ва чанд нафари дигар дастгир шудаанд.

Сабаби боздошти онҳо маълум нест. Талошҳо барои дарёфти назари пулис дар ин бора бенатиҷа буданд.

Пулиси Алмато 16 декабр беш аз даҳ нафар, аз ҷумла Алдабергенова ва Кистаубоеваро боздошт ва пас аз чанд соат раҳо кард. Онҳоро кормандони пулис дар назди баромадгоҳи бинои зисташон пешвоз гирифта, то шуъбаҳои маҳаллӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Дар шуъба аз онҳо дар бораи эҳтимоли ҷонибдорӣ аз ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" пурсида шудааст. Бунёдгузори ҳаракат мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, 16 декабр ҷонибдорони худро ба майдон даъват карда буд.

Ба гуфтаи бархе аз боздоштшудаҳо, кормандони пулис телефонҳои онҳоро бозҷӯӣ карданд. Дар шаҳри Урал, дар ғарби Қазоқистон ҳам 16 декабр ду хабарнигори нашрияи минтақаии мустақили "Ҳафтаи Урал" барои чанд соат боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG