Ссылки доступа

Масъулони давлатии Ӯзбекистон $17 ҳазори ҳаққи истифодаи барқро аз худ карданд


Дар ноҳияи Фориши Ӯзбекистон масъулоне боздошт шуданд, ки бештар аз 143 миллион сӯм (муодили бештар аз 17 ҳазор доллар)-и даромад аз истифодаи барқро аз худ кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, кормандони Бюрои иҷрои маҷбурӣ дар ноҳияи Фориш ин ҳодисаро ошкор кардаанд.

Корманди шабакаи барқи ноҳия Х.Т., корманди шуъбаи ноҳиявии Бонки халқӣ Ш.Х. ва корманди шуъбаи "Ипотекабонк" Р.Р. забон як карда, маблағҳои пардохтаи аҳолиро барои истифодаи барқ ба суратҳисобҳои лозимӣ интиқол надодаанд.

"Дар ҷараёни таҳқиқ ошкор шуд, ки солҳои 2016-2018 онҳо дар маҷмуъ 143 миллиону 567 ҳазор сӯм (бештар аз 17 ҳазор доллар)-ро аз худ кардаанд. Нисбати ҳар се боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ таъсис шудааст", - хабар медиҳанд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG