Ссылки доступа

Зебо Аминзода: Орзу дорам, як мактаби касбии рақс дошта бошам (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 17-уми декабри соли 2018. Яке аз хешовандони муфтии Тоҷикистон бо умеди афв ба ватан баргашт ва боздошт шуд, соат ба ҷойи нишони давлатӣ дар маркази Душанбе, муҳокимаи афсарони ФСБ ба хотири куштори муҳоҷири тоҷик, бозгашти Зебо Аминзода ба гурӯҳи рақсии "Зебо" ва матолиби дигар. (видео)

- Дар Душанбе тамоми як ноҳия 20 сол аст, наметавонанд, ҳуҷҷати манзилҳои худро дуруст кунанд. (видео Настоящее время)

- Мурофиаи "бандаи ФСБ"-и гумонбар дар куштори муҳоҷирон (видео)

- Зебо Аминзода: Орзу дорам, як мактаби касбии рақс дошта бошам. Устоди маъруфи рақси касбии тоҷикӣ Зебо Аминзода дар бораи вазъи ҳунари рақс дар Тоҷикистон сӯҳбат кард (видео)

- Бохтариҳо дар Соли Нав чӣ мехоҳанд? (видео)

- Роҳгузарон: ТВ-и Тоҷикистон таъриф мекунад, аз мушкилот намегӯяд. Хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд (видео)

- 90 дар сади занони тоҷик аз шавҳари худ метарсидаанд. Аз даҳ 9 нафар ё 90 дар сади занони шавҳардор дар Тоҷикистон мисли Дилором гоҳо ё пайваста аз ҳамсарони худ метарсанд. Ин натиҷаи як пурсиши Кумитаи Омор ва созмонҳои байналмилаллӣ аст (видео)

- "Дасти кам ҳар рӯз як бор бо пулис рӯбарӯ мешавем": дар Русия "шикор"-и муҳоҷирон аз сар гирифта шуд. (видеои Настоящее время)

- Эътирозҳои Телавӣ ба савгандёдкунии Саломе Зурабишвилӣ. Дар рӯзи савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Гурҷистон дар даромадгоҳи деҳаи Мукузанӣ, ки роҳ ба Телавӣ аз он убур мекунад, миёни мухолифон ва кормандони пулис задухӯрд сурат гирифт. (видео аз Директ)

- Баъд аз озори ҷинсӣ. Дар Қирғизистон хадамоти кирокашии занона роҳандозӣ шуд (видео). ​

- Захми бедавои Жанаозен. Саргузашти Кайрат Досмагамбетов. (видео аз Қазоқистон)

-- Сари-Чаган: шаҳри холишудаи Қазоқистон, ки онҷо мушакҳои ҳастаӣ озмоиш мешуд (видеои Настоящее время)​

- Волидони хонандаҳое, ки бо кӯдакони муҳоҷир таҳсил мекунанд, аз чи норозиянд. Аллакай се падару модар фарзандони худро аз мактаби № 141-и Москва ба дигар таълимгоҳ интиқол доданд. Сабаб хонандагони муҳоҷир аст. Омӯзгорон маҷбуранд, бештари вақтро ба шарҳи дарсҳо барои хонандагони мазкур сарф кунанд. Баъзе аз онҳо ҳатто бо забони русӣ ҳарф зада наметавонанд. (видео аз Директ)

- Пино-нуари ӯзбекӣ? Нашунидаед? Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 60 ҳазор дарахт харид ва мехоҳад, шароб омода кунад. (видео)

- Дар Киев ба ҷонибдорӣ аз маллоҳони боздоштшуда дар Русия тазоҳурот карданд. (видеои Настоящее время)

- Мақомоти рус зани тоҷикро гӯиё ба далели сохтакории ҳуҷҷат ба ихроҷ таҳдид доранд. (видео аз Директ)

- Қазоқҳои Эрон чи рӯзгоре доранд. Гуруҳи хурде аз қазоқҳо аз Мангишлак дар ибтидои асри 20 баъди хушкиҳову инқилобҳо дар ҳудуди шӯравии пешин, ба Эрон кӯчиданд. Онҳо дар вилояти Гулистони Эрон зиндагӣ ихтиёр карданд. Ҳоло шуморашон ба 3 ҳазор мерасад (нигористон)​

- Қазоқистон. Алексей Уткин. Рассоми дорои имкониятҳои бемаҳдуд.(Инфографика)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG