Ссылки доступа

Дастури Мирзиёев иҷро нашуд - корхонаи Peugeot Citroen сари фурсат ба кор надаромад (видео)


Тирамоҳи соли гузашта ваъда шуда буд, ки корхонаи мошинсозии муштараки ӯзбекиву фаронсавии Uzbekistan Peugeot Citroen Automotive нахустин маҳсулашро 10 декабри соли 2018 истеҳсол мекунад.

Аммо корхона дар муҳлати муайяншуда ба кор надаромад. Манобеи огоҳ мегӯянд, сохтмони корхона манъ шудааст.

"Ҳоло ҳамаи корҳои сохтмонӣ қатъ шудааст", - гуфт як манбаъ аз ҳукумати вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон.

Як муҳандис аз ширкати "Трести 12-ум", ки иҷрогари корҳои сохтмонӣ аст, гуфт, ба далели қатъи сохтмони корхона садҳо одам бекор мондаанд. "Бештар аз як моҳ аст, ки сохтмон манъ шудааст. Ба мо гуфтанд, ки маблағ нест", - гуфт муҳандис.

Хабарҳо аз он далолат мекунанд, ки мумкин аст, ширкати фаронсавии PSA Groupe аз сохтмони корхона даст кашида бошад. "Ширкати фаронсавӣ шак дорад, ки эҳтимол дар 30 соли оянда сармояи гузоштаашро баргардонида натавонад. Онҳо ба ин назаранд, ки лоиҳа фоида намеорад", - гуфт як мансабдори Ӯзбекистон.

Аммо ширкати фаронсавӣ дар як посухи кутоҳ навишт, ки "лоиҳа дар Ӯзбекистон идома мекунад ва мо болои он кор мекунем".

Созишнома байни ширкати фаронсавӣ ва ҷамъияти саҳҳомии "Ӯзавтосаноат" 16 майи соли 2017 имзо шуд. Тибқи шартнома, коргоҳи муштарак мебоист, мошинҳои сабукрав истеҳсол кунад. Сохтмони ин корхона бо харҷи 29,3 миллион евро дар назар дошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG