Ссылки доступа

Нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон 23% гарон шуд


Арзиши билет ё хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар давоми тақрибан як соли охир беш аз 23 дар сад гарон шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон дар гузориши тозаи худ хабар дод.

Корафтодаҳо низ мегӯянд, ки агар соли гузашта ба ҳисоби миёна нархи билети ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Маскав 1300 сомонӣ буд, имсол аз 1700-1800 сомонӣ кам нест.

Мақомоти Оҷонсии ҳавонавардӣ ё авиатсионии Тоҷикистон гаронии билети ҳавопаймоҳоро дар кишвар тасдиқ мекунанд. Азиз Набизода – муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардӣ – рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як соли охир ба далели гаронии нархи билет, ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бахше аз муштариёни худро аз даст додаанд.

Ӯ афзуд, "мо тақрибан ҳамаи мусофирон дар водии Зарафшонро аз даст додаем. Онҳо парвозҳои худро тавассути фурудгоҳи шаҳри Самарқанд анҷом медиҳанд. Сокинони ноҳияҳои Исфараву Конибодом тавассути шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон сафар мекунанд. Сокинони Хуҷанду Мастчоҳу Ашт аз фурудгоҳи Тошканд истифода мекунанд".

Набизода дар идомаи суҳбат гуфт, ки аз як сӯ нархи сӯзишворӣ ва аз тарафи дигар таъмири гарони ҳавопаймоҳо дар хориҷа ба нархи билет дар кишвар таъсир гузоштааст. Ӯ мегӯяд, "нархи сӯзишворӣ ҳадди ақал дар кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса ба Тоҷикистон тақрибан ду баробар арзон аст".

Нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна гаронтарин ба шумор меравад ва ин як мояи интиқоди муҳоҷирони корӣ – мусофирони асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ – аст. Қимати билетҳо асосан дар мавсими баҳору тирамоҳ, вақти сафар ва бозгашти муҳоҷирон, боло меравад.

Ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG