Ссылки доступа

Роҳсозони қирғиз бо талаби пардохти маош дубора корпартоӣ карданд


Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҳудуди 50 бинокори роҳи Балиқчӣ-Корумду бо талаби пардохти маошашон дубора даст ба эътироз заданд. Онҳо мегӯянд, аз моҳи август ба ин тараф маош нагирифтаанд.

"Аз тобистон ба ин сӯ маош нагирифтаем. Маоши моҳҳои июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабрро то ҳол надодаанд. Чиниҳо ваъда доданд, ки фардо медиҳанд", - гуфт ёвари муҳандиси бунёди роҳ Эркинбек Бейшембиев.

Бо эътирозгарон муовини намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Иссиқкӯл Дамир Монолдоров, ҳоким Данир Имоналиев ва намояндагони мақомотҳои маҳаллии дигар вохӯрданд.

Ин бори аввал нест, ки роҳсозони Балиқчӣ корпартоӣ мекунанд. Онҳо 31 октябри соли равон низ бо талаби пардохти маоши чаҳормоҳа корпартоӣ карда буданд. Он замон Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон ваъда дод, ки мушкилро дар давоми ҳафта ҳал хоҳад кард.

Бунёди роҳи Балиқчӣ-Тамчӣ-Корумду аз буҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад. Бунёди роҳ соли 2015 оғоз шуда, қарор буд, моҳи декабри соли 2017 мавриди истифода қарор гирад.

XS
SM
MD
LG