Ссылки доступа

Дар Тошканд шабакаи шаҳрии Wi-Fi таъсис дода шуд


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 17 декабр маросими ба кор даровардани шабакаи шаҳрии Wi-Fi баргузор шуд. Ин шабака бо тамға ё бренди SOLA аз сӯи ширкати Asia Wireless Group роҳандозӣ шудааст.

"Тошканд дар Осиёи Марказӣ нахустин шаҳре хоҳад буд, ки шабакаи баландсуръати интернети беноқил хоҳад дошт", - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Ӯзбекистон 1200 нуқтаи пайвастшавӣ ба Wi-Fi амал мекунад. Қарор аст, то баҳори соли оянда шумори онҳо ба 5000 расад.

"Низоми SOLA ду навъи дастрасиро пешбинӣ мекунад - ройгон ва бо пардохт. Интернети ройгон баъди дидани таблиғот фароҳам мешавад. Интернети пулакӣ босуръаттар ва бе маҳдуд аст", - афзудааст ширкат.

Дар ояндаҳои наздик ин ширкат дар шаҳрҳои сайёҳии Ӯзбекистон ҳам Wi-Fi насб хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG