Оби ошомиданиро онҳо давоми панҷ соли охир аз мағозаҳо мехаранд. Мақомот мегӯянд, сокинони деҳаи Кояндӣ бояд то соли 2021 сабр кунанд. Танҳо он замон ба ин деҳа қубури об гузаронида хоҳад шуд.
Тлеужан Куату ҳамарӯза ҳадди ақал ду сатил барфро рӯи бухорӣ об мекунад. Вай аз ин об барои шӯстани зарфҳо, фарши хона ва ҷомашӯӣ истифода мекунад.
Дар ин деҳа асосан онҳое барфро об мекунанд, ки мошин надоранд. Онҳое, ки мошин доранд, аз фосилаи дуртар об меоранд - ҳам барои худ ва ҳам барои ҳамсояҳо.
Аммо дар ҳар сурат сокинон давоми панҷ сол аст, ки зарфҳои 5-литрӣ мехаранд. Як дона чунин зарф 300 танга (муодили тақрибан 8 сомонӣ) арзиш дорад. Бо ин зарфҳо обкашонӣ мекунанд.
Айбек Есеев, раиси деҳа мегӯяд, аз ибтидо ин заминҳо барои сохтани хона ҷудо нашуда буданд: одамон худсарона дар ин ҷо хона сохтаанд.