Донишҷӯён ва хонандаҳоро аз мактабҳо ба тамошои филм фиристоданд.
Филм расман дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аммо ба ҷавонону наврасон дар бораи ҳодисаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) мегӯяд ва бовар мекунонад, ки сулҳро ба кишвар маҳз Эмомалӣ Раҳмон овардааст. Ҳамчунин пеш аз тамошои филм ба ҷавонон махсусан шарҳ дода мешавад, ки ҷангро кӣ оғоз кард.
Филмҳои ҳуҷҷатии ҳамсонро дар бораи президенти Тоҷикистон пештар телевизионҳои дигари кишвар низ таҳия карда буданд. Коршиносон мегӯянд, мақомот бо ин роҳ мехоҳанд, обурӯи ҳукуматро ҳифз намуда, тақвият бахшанд ва бинобар ин, ошкоро намоиш медиҳанд, ки бо шарофати кӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон дар оромиш зиндагӣ доранд.