Ссылки доступа

ИМА таҳримҳо зидди Гулнора Каримоваро тамдид кард


Кохи сафед 19 декабр муҳлати маҳдудиятҳои молӣ ва сафариро зидди як қатор шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия, Украина ва кишварҳои дигар дароз кард. Ин таҳримҳо бар асоси қонунҳои ИМА зидди нақзкунандагони ҳуқуқи инсон ва фасодкорон дар саросари дунё эълом шудаанд.

Дар миёни ин афрод номи писари додситони кулли Русия Юрий Чайка, фармондеҳи воҳиди махсуси пулиси Украина ва духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова низ ҳастанд.

Таҳримҳои мазкур соли гузашта дар доираи "Қонунуи ҷаҳонии Магнитский" эълом шуданд, ки соли 2016 дар асоси қонуни соли 2012 таҳия шуда буд ва ба як қатор шаҳрвандони Русия бевосита дахл кард.

"Феҳристи Магнитский"-ро Конгресси ИМА соли 2012 қабул кард. Санад ба номи ҳуқуқшиноси бунёди Hermitage Capital Сергей Магнитский гузошта шудааст. Ӯ як нақшаи бузурги дуздии пули буҷаи Русияро ошкор карда буд. Мақомоти рус Магнитскийро ба саркашӣ аз пардохти андоз айбдор карданд ва вай соли 2009 дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Москва ба иллати нарасонидани ёрии тиббӣ ҷон дод.

Ба "рӯйхати Магнитский" номи шахсоне ворид мешавад, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА, дар фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд. Русия ҳар ду тасмими ИМА-ро дар бораи эъломи таҳрим маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG