"Бо фармони президент Нурсултон Назарбоев ба соҳибкори маъруфи рус ва муассиси ширкати USM Holdings Алишер Усмонов бахшида ба Рӯзи истиқлоли Қазоқистон нишони "Достик" (Дӯстӣ) дараҷаи І дода шуд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, Усмонов барои "хидматҳояш дар корҳои давлативу иҷтимоӣ, саҳми назаррас гузоштан дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва тақвияти дӯстӣ миёни халқҳо" бо нишони мазкур қадрдонӣ гаштааст.
Ёдрас мешавем, пештар президенти Русия Владимир Путин низ ба Усмонов ордени "Барои хизмати Ватан" дараҷаи III ва ба ҳамсараш Ирина Винер-Усмонова ордени "Барои хизмати Ватан" дараҷаи II дода буд.
Моҳи августи соли равон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам Усмоновро бо ордени "Эл-юрт хурматӣ" қадрдонӣ кард.