Ссылки доступа

Рӯҳонии "ҳақталош" аз Ӯзбекистон рафт


Фазлиддин Парпиев, имоми пешини масҷиди "Омина"-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 18 декабр хабар дод, ки иҷборан тарки Ӯзбекистон кардааст. Вай пештар аз додситонӣ дар робита ба "навиштаҳои сиёсӣ"-аш дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ гирифта буд.

Дар ин бора Фазлиддин Парпиеви 32-сола 19 декабр дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Парпиев 7 сентябри соли ҷорӣ дар як муроҷиати видеоӣ ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз поймолшавии ҳуқуқи диндорон шикоят карда буд. Як рӯз баъди он муроҷиат ӯро аз мақом барканор карданд.

Ба гуфтаи хешовандони Парпиев, вай 17 декабр аз ҳаҷҷи умра ба Тошканд баргаштааст. Баъди ду соати ворид шудани Парпиев ба манзилаш кормандони шуъбаи мубориза бо тундгароиву терроризми милисаи Тошканд вориди манзилаш шудаанд. Наздикони имоми пешин мегӯянд, кормандони милиса ӯро бозпурсӣ кардаанд.

Кормандони милиса аз Парпиев талаб карданд, ки фаъол буданашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ кунад. Худи Парпиев ҳам 18 декабр дар саҳифаи Фейсбук ишора кард, ки ба бозпурсӣ даъват шуда буд.

Баъд аз ду соати бозпурсӣ, имоми пешин ҳамроҳ бо ҳамсару ду фарзандаш Ӯзбекистонро ба қасди Қазоқистон тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG