Ссылки доступа

Як виза -- ду кишвар. "Silk visa"-и Ӯзбекистону Қазоқистон аз моҳи феврал сар мешавад


Ӯзбекистон эҳтимол аст, дар якҷоягӣ бо Қазоқистон аз моҳи феврали соли 2019 раводиди ҳамсон ба визаи шенген – Silk visa-ро роҳандозӣ кунад.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ӯзбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев ба рӯзноманигорон гуфт, ҳадафи тарҳ ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ аст.

Дар бораи роҳандозии “раводиди абрешим” дар Осиёи Марказӣ бори нахуст моҳи июни соли равон хабар дода шуд ва аз ин тарҳ Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд. Он идеяи раиси кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева аст. Ӯ ҳамчунин исрор дорад, ки монеаҳои раводидӣ дар Осиёи Марказӣ бояд бардошта шаванд.

Ӯзбекистон ҳамчунин тасмим дорад, рӯзҳои наздик низоми раводидро бо 22 кишвари дигар бекор кунад. Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони ҳашт кишвар метавонанд бидуни ироаи санадҳои махсус ба Ӯзбекистон сафар кунанд ва низоми содаи равуо бо 50 кишвар ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG