Ссылки доступа

Додгоҳ Қадами Қурбонро 3 ҳазор сомонӣ ҷарима кард


Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) овозхон Қадами Қурбонро бо ҷурми нақзи қонуни танзими анъана 3 ҳазор сомонӣ (муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ) ҷарима кард.

Қадами Қурбон, сокини 48-солаи ҷамоати Ҷагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, бештар бо иҷрои тарона ва рафторҳои аҷибаш дар шабакаҳои интернетӣ маъруф аст.

Бобомурод Наҷмиддинзода – як масъули додгоҳ – рӯзи 20-уми декабр гуфт, Қадами Қурбон барои пул часпондан ба як раққоса гунаҳкор дониста шуд. Вай гуфт, ки навори видеоии ин саҳна дар Ютуб нашр шудааст. Қонуни танзими анаъана ва ҷашну маросими миллӣ, ки соли 2007 қабул шуд, дар баробари маҳдудиятҳои дигар, аз ҷумла, пулдиҳӣ дар маъракаро комилан манъ мекунад.

Масъули додгоҳ афзуд, “ӯ бар асоси моддаи 481-и Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим айбдор дониста шуд. Ин модда беш аз 5 ҳазор сомонӣ ҷаримаро дар назар дорад. Аммо дар мурофиа вазъи зиндагӣ ва сароянда буданашро ба назар гирифтанд. Хотирашро диданд ва се ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд”.

Бобомурод Наҷмиддинзода гуфт, ки додрас Қадами Қурбонро фармудааст, то 10 рӯзи дигар маблағро супорад. “Худи Қадами Қурбон аз ҳукми додгоҳ розӣ буд ва аз толори додгоҳ бо хурсандӣ берун шуд”, - афзуд ӯ.

Баъд аз эълони қарори додгоҳ, Қадами Қурбон дар суҳбати телефонӣ гуфт, бо далелҳои тафтишот розӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи октябри имсол дар маъракаи хонадоршавии писараш Қаноат воқеан ҳам ба раққосаи овозхони дигари маъруф Зафар Аюбӣ пул часпонда буд. Ҳамин саҳна аз ҷониби корбари ношиносе ба интернет роҳ ёфтааст.

Қадами Қурбон мегӯяд, аз технологияҳои замонавӣ зиёд огоҳ нест ва ҳар маводе, ки аз ҳунарнамоиҳои ӯ ба Интернет роҳ меёбад, кори ҳаводоронаш аст. “Ман як телефони “Нокиа”-и оддӣ дорам ва аз ин наворҳое, ки дар интернет нашр мешавад, хабар надорам”, - афзуд ӯ.

Қадами Қурбон яке аз пурбаҳстарин овозхонҳои тоҷик аст, ки имсол ба далели роҳ ёфтани чанд видеояш ба интернет маъруф шуд. Тамошобинони ҳунарнамоиҳои ӯ, ки маъмулан дар маҳфилу маъракаҳои хусусӣ, на дар студияҳои касбӣ сабт шудаанд, асосан ба ду тақсим шудаанд.

Як гурӯҳ шеваи ҳунарнамоии ӯро шадидан ба боди танқид кашида, онро зидди меъёрҳои фарҳангиву ҳунарӣ арзёбӣ мекунанд. Тарафдоронаш аз ӯ ҳимоят карда, мегӯянд, ки Қадами Қурбон як овозхони озод аст ва мисли як ҳунарпеша аз роҳи тақдими ғайримаъмулии таронаҳояш барои тамошобин “спектакл”-и хурде намоиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG