Ссылки доступа

Ҷеенбеков: ҳоло ба тағйири Конститутсияи Қирғизистон ниёз надорем


Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар чорабинии бахшида ба 80-солагии порлумони Қирғизистон гуфт, ба Конститутсияи ин кишвар тағйирот ворид карда намешавад.

Ҷеенбеков афзуд, ки Қирғизистон роҳи демократияи порлумониро интихоб кардааст ва масоили доғи ҷомеа низ дар порлумон бардошта шуда, садои мухолифон ва ҷомеаи маданӣ низ ба воситаи он расонида хоҳад шуд.

“Ҳоло порлумонро интиқод мекунанд. Ин як падидаи маъмулӣ аст. Масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, қонунҳои интихобот ва сохтори қурултой матраҳ мешавад. Конститутсияро дар 25 сол 10 бор тағйир доданд. Раъй доданд, ки он то соли 2020 иваз карда нашавад. Вале сарфи назар аз ин, соли 2016 он тағйир дода шуд. Бинобар ин, бо назардошти хоҳиши мардум ба назари ман, то соли 2020 набояд тағйирот даровард. Ҳама гап дар сари Конститутсия нест, бояд қонунро эҳтиром кард. Ҳоло масъалаҳои муҳимтаре, аз қабили рушди иқтисодӣ ва мубориза бо коррупсия мавҷуданд”, - изҳор дошт ӯ.

Дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча”-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек имрӯз, 21 декабр бахшида ба 80-солагии порлумони ин кишвар конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар он раҳбарони ниҳодҳои давлатии Қирғизистон бо шумули президент Ҷеенбеков ва вакилони пешину кунунии порлумон иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG