Ссылки доступа

Маҷмаи умумии СММ Русияро барои нақзи ҳуқуқи инсон дар Қрим маҳкум кард


Маҷмаи умумии СММ рӯзи шанбе дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қрим ва Севастопол қатъномаеро ба тасвиб расонд.

Матни қатъномаро, ки Украина пешниҳод карда буд, 67 кишвар, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҷонибдорӣ карданд. 27 кишвар, бахусус Русия, Белорус, Чин, Сурия, Сербия ва Венесуэла зид баромада, 70 кишвар аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар қатънома нақзи ҳуқуқи инсон дар нимҷазираи ишғолии Қрим маҳкум шудааст.

Маҷмаи умумии СММ дар гузашта, пас аз ишғоли Қрим қатъномаҳои ҳамсонеро қабул карда буд. Санади ахир бо он фарқ мекунад, ки дар он номи шаҳрвандони боздоштшуда ва зиндонӣ дар Русия -- Олег Сентсов, Владимир Балух ва Амир-Усейн Куку оварда шудааст.

"Маҷмаи умумӣ роҷеъ ба хабарҳо дар бораи он ки Русия аз соли 2014 барои дарёфти баёнотҳои дурӯғ дар таъқибҳои дорои ангезаи сиёсӣ, аз ҷумла парвандаи Олег Сентсов шиканҷаро истифода мекунад, шадидан ибрози нигаронӣ менамояд", - омадааст дар қатънома. Дар он ҳамчунин аз мақомоти рус даъват шудааст, ки Қоидаҳои Нелсон Мандела - қоидаҳои ҳадди ақали муносибат бо маҳбусонро риоя кунанд.

Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ Геннадий Кузмин санадро "зиддирусиягӣ, сохта ва бемаъно" номид.

Русия соли 2014 Қримро ишғол кард. Киев, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА нимҷазираро минтақаи ишғолшудаи Украина меноманд.

XS
SM
MD
LG