Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато баррасии парвандаи куштори варзишкор Денис Тенро оғоз кард


Додгоҳи шаҳри Алмато субҳи имрӯз, 25 декабр баррасии парвандани куштори варзишкори маъруфи қазоқ Денис Тенро оғоз кард.

Дар курсии айбдорӣ се ҷавон Ормон Қудойбердиев, Нуралӣ Киясов ва Жанар Толибоева менишинанд. Қудойбердиев ва Киясов дар "Авбошӣ" ва "Куштор" айбдор мешаванд. Толибоеваро ба он айбдор мекунанд, ки дар бораи куштор ба мақомот хабар надодааст.

Модари Денис – Оксана Тен, ки дар мурофиа ҳузур дошт, аксу ба наворгирии худро манъ кард. Гумонбарон низ гуфтанд, зидди наворгирӣ ҳастанд ва додрас ҳам дархости онҳоро пазируффт.

Парванда аз 38 ҷилд иборат аст. Маълумот дар бораи он дар пойгоҳи парвандаҳои додгоҳӣ дастрас нест. Расонаҳо дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи куштори варзишкор 14 декабр хабар дода буд.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов 25 октябри соли равон хабар дода буд, ки тафтиши ин парванда ба поён расидааст.

Варзишкор маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли ҷорӣ дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.

XS
SM
MD
LG