Ин дар ҳолест, ки бархе масъулони мактабҳои миёна дар манотиқи Тоҷикистон гуфтанд, ки ба онҳо гуфта шуд, ки Cоли навро дар дохили мактабҳо таҷлил накунанд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр гуфт, касе таҷлили Соли нави милодӣ дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистонро манъ накардааст, балки ҷамъоварии маблағ барои зиёфатҳои серхарҷу базмҳои бодабдаба мамнӯъ аст.
Вазир гуфт, "вазорати маориф қатъиян муқобили буридани арчаҳое аст, ки барои кабудизор кардан бо заҳмат шинонида мешаванд ва баъзан онро барои ҷашни Соли нав дар мактабҳо бурида истифода мекунанд. Мо муқобили ҳолатҳои сар задани сӯхтор аз беэҳтиётӣ ва барои Соли нав ҷамъоварии маблағ аз волидону хонандаҳо ҳастем."
Ӯ дар посух ба ин суол, ки дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон таҷлили Соли навро манъ кардаанд, танҳо гуфт, "ҳар кас ҳар гап мегӯяд ва бори аввал нест. Ин Соли нави мелодӣ аст".
Чанд рӯзи ахир волидон дар минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, дар мактаби фарзандони онҳо гуфта шудааст, ки таҷлили Соли нав манъ аст.
Диловаршо Исозода, мудири маорифи вилояти Хатлон, ин гуфтаҳоро тасдиқ кард ва гуфт, онҳо ба хонандаҳо гуфтанд, ки бигузор хонандаҳои русзабон ин идро таҷлил кунанд ва онҳо омода шаванд, дар ҷашни Наврӯз ид хоҳанд кард. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳарчанд ин тасмим ба асоси дастур ё қарори расмӣ гирифта нашудааст, аммо онҳо ин машваратро шифоҳӣ ба директорони мактабҳо расониданд.
Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 мақомоти маориф дар баргузории бархе иду ҷашнҳо дар муассисаҳои таълимӣ маҳдудият ҷорӣ каданд. Аз ҷумла, бо фармони вазири вақти маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода гузарондани чорабинии "Занги охир" манъ шуд.
Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани зиёфат ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт.
Фармони Раҳмонзода дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардида буд. Дар пайи ин, таҷлили "Иди алифбо" ҳам манъ шуд ва мақомот гуфтанд, ки ҳадафи ин маҳдудиятҳо, роҳ надодан ба хароҷоти барзиёд ва беҳуда дар ҷараёни таълим аст.