Ссылки доступа

Писари афсари пешини КГБ Ӯзбекистон мегӯяд, расми 15-миллионевроии Рембранд аз ӯст


Додгоҳи шаҳри Тошканд имрӯз, 25 декабр даъвои писари афсари пешини КГБ Андрей Плужниковро баррасӣ хоҳад кард, ки мегӯяд, "соҳиби воқеии расми Рембрандт ӯст".

Додгоҳи ноҳияи Яккасаройи Тошканд 21 ноябр Комил Юлдошевро 52 миллион сӯм (беш аз $6 ҳазор) ва Рафаэл Фузайловро 34 миллион сӯм ($4 ҳазор) барои ҳаннотии асари марбут ба Рембрандт ба нафъи давлат ҷарима кард.

Андрей Плужников, муҳандиси 50-сола аз Тошканд мегӯяд, расми "15-миллионевроии Рембранд ба вай тааллуқ дорад ва ӯ аз ҳуқуқаш дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард". Ба гуфтаи Плужников, расм 50 сол дар хонаи онҳо нигаҳдорӣ шудааст. "Молики ягонаи ин расм ман ҳастам", - афзуд ӯ.

"Расм ба падари ман тааллуқ дорад, ки аз соли 1953 дар Кумитаи амнияти давлатии Ӯзбекистон кор кардааст. Он аз падарам ба ман мерос мондааст. Расмро соли 2014 ба Комил Юлдошов, ки бо хариду фурӯши асарҳои ҳунарӣ машғул буд, додам, то дар музоядаи ҷаҳонӣ 12 миллион евро фурӯшад. Вале Юлдошов расмро гирифта, ғайб зад", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Плужников, ӯ соли 2014 ба Вазорати умури дохилӣ ва додситонии Ӯзбекистон шикоят кард ва дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 июни имсол расмро аз бағочи Рафаэл Фузайлов, ки мехост аз Тошканд ба Исроил сафар кунад, пайдо карданд. "Қурбонии ин ҷиноят шудам, вале ҳоло мақоми шоҳидро касб кардаам", - афзуд вай.

Сухангӯи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, коршиносони Sotheby's бо дархости онҳо ба Тошканд рафта, наққоширо аз ташхис гузарондаанд. "Бар пояи хулосаи ташхиси онҳо, расм 15 миллион евро арзиш дорад ва он моликияти Ӯзбекистон шумурда мешавад", - афзуд Аскархоҷаева.

Вале ба гуфтаи Плужников, "мақомоти Ӯзбекистон мехоҳанд, расмро мусодира кунанд ва бинобар ин, дуруғ мегӯянд". "Бар пояи қоида, давлат бояд расмро аз ман бихарад", - мегӯяд ӯ.

Парвандаи мусодираи асари ҳунарӣ таҳти назорати Додситонии кулли Ӯзбекистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG