Ссылки доступа

Туркия ба марзи Сурия нерӯи бештар фиристод


Туркия ба марзи Сурия нерӯи изофӣ фиристод. Дар ин бора 24 декабр расонаҳои Туркия хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, нерӯи изофӣ шомили сарбозон ва техникаи низомӣ аст, ки ба минтақаи ҷанубу шарқи Туркия - вилояти Килиси ҳаммарз бо Сурия ирсол шудааст.

Нашрияи Hurriyet-и Туркия навишт, қисме аз нерӯҳои ирсолшуда ба минтақаи шимоли Сурия - ноҳияи Ал-Боб ворид шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки аз ҷониби Туркия ҳимоят мешаванд, дар наздикии шаҳри курднишини Манбиҷ дар шимоли Сурия ҷамъ шудаанд. Манбиҷ дар ихтиёри нерӯҳои мухолифи курди "Отряди мудофеи мардумӣ" қарор дорад, ки ин нерӯҳоро ИМА ҳимоят мекунад. Анқара "Отряди мудофеи мардумӣ"-ро дар ҳамдастӣ бо курдҳои шӯришии Туркия айбдор ва ҷангӯёни ин отрядро террорист унвон мекунад.

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп ғайриинтизор эълом кард, ки артиши ИМА аз Сурия хориҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG