Ссылки доступа

Шаҳрванди Ӯзбекистон баъди шунидани хабари ихроҷ аз Қирғизистон талоши худкушӣ кард


Шаҳрванди Ӯзбекистон бо нишони эътироз аз қарори додгоҳ дар бораи ихроҷаш, талоши худкушӣ кард. Дар ин бора 24 декабр расонаҳои Қирғизистон хабар доданд.

Алишер Асадуллоев, шаҳрванди Ӯзбекистон баъди шунидани қарори додгоҳ дар бораи ихроҷаш, зарфи дорои моддаи заҳрдорро боз карда, талоши нушидан кард. Аммо корманди милиса, ки дар толори додгоҳ ҳузур доштанд, монеи ӯ шуданд.

Додгоҳ гуфт, Алишер Асадуллоев муддати тӯлонӣ бе ҳуҷҷат дар Қирғизистон истиқомат кардааст. Ба ин далел додгоҳ қарори ихроҷи ӯро аз кишвар содир кард. Шаҳрванди Ӯзбекистон мегӯяд, падари танҳост ва наметавонад фарзандонашро бо худ ба Ӯзбекистонро барад. Вай борҳо талош кардааст, ки таваҷҷуҳи мақомотро ба мушкилаш ҷалб кунад.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ин мард ду соли охир бо Олга Архипова, вакили маҳаллӣ баҳси манзил дорад. Асаддулоев бовар дорад, ки маҳз Архипова барои ихроҷи вай чораҷӯӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG