Як корманди Бонки марказии ноҳияи Когони Бухоро ба шарти ифшо нашудани номаш, хабар дод, ки ӯву ҳамкоронаш 13 декабр хона ба хонаи сокинон гашта, пули андозро ҷамъ карданд.
“Кор аз соати 9-и субҳ оғоз мешавад. Аз соати 10 то соати 16 ба маҳаллаҳо рафта, пул ҷамъ мекунем. Моро раиси маҳаллаҳо ва ёваронашон ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳар рӯз соати 16 ба намояндаи Бонки марказӣ ҳисобот медиҳем, ки чи қадар пул ҷамъ шуд ва намояндаи бонк дар навбати худ соати 19 ба додситон гузориш медиҳад”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Як мансабдори шӯъбаи Бонки марказӣ дар Бухоро низ тасдиқ кард, ки намояндагони бонк дар тамоми ноҳияҳои вилоят ба гирдоварии пули андоз сафарбар шудаанд. Вале аз шарҳи сабабҳои он худдорӣ кард. Намояндаи Бонки марказӣ дар Тошканд гуфт, раҳбарияти ин ниҳод дар сафарбар шудани кормандони бонк ба ҷамъоварии пули андоз ҳеч нақше надорад.
Дар Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфтанд, ки пас аз омӯзиши ҳисобот аз натиҷаҳо хабар хоҳанд дод.