Ссылки доступа

Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон шаҳрвандони Ӯзбекистон аз сармо наҷот дода шуданд


Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Акмолаи Қазоқистон 53 мусофири автобусеро аз сармо наҷот доданд.

Ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, аксари мусофирони наҷотёфта шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.

Хабар дода мешавад, ки шаби 25 декабр мусофирони автобуси масири "Петропавловск-Сариағаш" дар ноҳияи Бурабай дармонданд. Мусофирон ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Акмолин муроҷиат карданд. Наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир ва мусофиронро ба як мактаби деҳаҳои атроф бурданд.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса касе зиён надидааст. Ба мусофирон ғизои гарм ва рахти хоб муҳайё шудааст.

Соли 2018 садҳо шаҳрванди Ӯзбекистон аз автобусҳои яхзада дар шоҳроҳҳои Қазоқистон наҷот дода шуданд.

XS
SM
MD
LG