Мудири Идораи маорифи пойтахти Қазоқистон Ануар Жангозин 25 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар 8 мактаб чораҳои интизомӣ дар шакли аз танбеҳ то барканорӣ аз мақом андешида шудааст. Қарордод бо дастраскунандагони маводи ғизоиро низ бекор кардаанд.
“Рӯзҳои наздик барои муайян кардани дастраскунандаҳои нав озмун баргузор карда мешавад”, - афзуд Жангозин.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои ҳамсон дар 27 мактаби дигари Остона идома доранд. Ба фармони вазири маорифи Қазоқистон таҳти рақами №717, ки муайян кардани дастраскунандагони маводи ғизоӣ ба мактабҳоро танзим мекунад, тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
“Озмунҳоро ба монанди пешин ҳар як мудири мактаб худ эълом намекунад. Бар пояи қоидаҳои нав, озмун дар якҷоягӣ эълом хоҳад шуд, ки барои муайян кардани дастраскунандаҳои рақобатпазир имкон медиҳад”, - афзуд мудири маорифи Остона.
Ёдрас мешавем, се сол пеш низоми ғизои ройгон дар мактабҳои Қазоқистон барҳам дода шуд. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи феврали соли 2015 ҳангоми суханронӣ дар бораи буҳрони иқтисодӣ гуфт, аз ин ба баъд “волидони қазоқ пули ғизои фарзандонашонро бояд худ пардохт кунанд”.