Ссылки доступа

Корхонаи равғанбарории Ӯзбекистон ба кормандонаш ба ҷои маош ангур медиҳад


Дар Ӯзбекистон кормандони ширкати равғанбарории "Гулистон экстракт -Ёғ" шикоят доранд, ки раҳбарияти корхона ба ҷои маошашон 10-килоӣ ангур медиҳад.

Корхонаи "Гулистон экстракт -Ёғ" 25 декабр ба ҳар корманди худ ба ҷои маош як қуттӣ ангур додааст. "Як қуттӣ 10 кило ангур дорад. Гуфтанд, ки аз маошамон 70-ҳазорсӯмӣ ($8,4) мегиранд. Фаҳмида мешавад, як кило ангурро 7000 сӯм мефурӯшанд. Вале мо барои дастархони солинавӣ ба пул ниёз дорем. Ин ангурҳоро чи кор мекунем? Бисёриҳо норозиянд", - гуфт як корманди ширкат.

Бархе аз кормандони "Гулистон экстракт -Ёғ" гуфтанд, пас аз эътирози онҳо раҳбарияти корхона тасмими худро иваз кардааст. "Гуфтанд, ки ангур туҳфаи солинавӣ аст. Имрӯз боз ангур тақсим мекунанд ва фардо низ хоҳанд кард. Дирӯз пас аз эътирози кормандон ба болои қуттиҳои навиштанд, ки "туҳфаи солинавӣ". Зоҳиран, пас аз расонаӣ шудани қазия аз фикри худ бозгаштанд", - изҳор дошт як ҳамсуҳбати мо.

Сухангӯи "Гулистон экстракт -Ёғ" Мутабар Амонова хабари ҳар моҳ ба кормандон додани ангурро рад кард. "Ин дуруғ аст. Рӯйхати кормандони норозӣ ё шикояти онҳоро ба ман диҳед? Мо ангурро ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақсим мекунем", - афзуд Амонова.

Дар Ӯзбекистон пештар низ ба ҷои маош ба кормандону омӯзгорон чароғҳои барқӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи нисбатан гарон тақсим шудааст.

XS
SM
MD
LG