Ссылки доступа

Дар Қазоқистон осорхонаи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ боз шуд


Дар деҳаи Жаналики ноҳияи Талгари вилояти Алматои Қазоқистон осорхонаи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ боз шуд.

Осорхона дорои се толор буда, дар аввалӣ дар бораи таърихи таъқибҳои солҳои 1916-1986 гуфта мешавад. Дар девори толори дувум номи 4 ҳазору 125 нафаре навишта шудааст, ки бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб шудаанд. Дар толори севум аксҳои бойгонии департаменти пулиси вилояти Алмато ва нусхаи ҳуҷҷатҳои бойгониро ба намоиш гузоштаанд.

Ҳамчунин дар осорхона лавҳае бо номи намояндагони қишри зиёии қазоқ дар охирҳои асри 19 ва аввали асри 20 насб шудааст. Масоҳати умумии осорхона 635 метри мураббаъ буда, он 9 корманд дорад.

Дар расми ифтитоҳи осорхона ҳокими вилояти Алмато Амондик Батолов иштирок дошта, аз номи кормандони ҳукумати вилоят ба осорхона калиди мошинро тақдим кард.

XS
SM
MD
LG