Ссылки доступа

Қазоқистон аз феврали соли 2019 содироти бензинро ба Қирғизистон оғоз мекунад


Қазоқистон мумкин аст, аз моҳи феврали соли 2019 интиқоли бензинро ба Қирғизистон шуруъ кунад. Дар ҳоли ҳозир намояндагони ду кишвар ҳуҷҷатҳои лозимиро ҳамоҳанг мекунанд. Дар ин бора вазири энержии Қазоқистон Канат Бозумбоев хабар дод.

"Ҳафтаи гузашта аз ҷониби Қирғизистон посух дарёфт кардем. Онҳо роҳбари масъулро таъйин кардаанд ва дар идораҳои давлатиашон ин масъаларо ҳамоҳанг мекунанд. Дар сурате, ки агар то нимаи моҳи январ ҳамаи масоил ҳал шавад, пас созишномаро ба имзо мерасонем. Ин маънои онро дорад, ки дар моҳи феврал аллакай имкони интиқоли бензин ба Қирғизистон фароҳам мешавад", - гуфт вазир.

Дар ҳоли ҳозир Қазоқистон нияти содироти сӯзишвории дизелиро надорад. Вазорати энержии Қазоқистон мехоҳад, нахуст ҳаҷми талабот ба сӯзишвориро дар дохили кишвар муайян ва аз интиқоли ғайриқонунии он ба кишварҳои ҳамсоя пешгирӣ кунад.

Баъди навсозии се корхонаи коркарди нафт дар Қазоқистон истеҳсоли маводи сӯхт дар ин кишвар аз талабот бештар шудааст. Ба ин далел, мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, сӯзишвории барзиёдро ба кишварҳои ҳамсоя фурӯшанд. Айни ҳол Қирғизистон танҳо аз Русия маводи сӯхт мехарад. Ин кишвар ҳамасола ба наздики 1 млн тон маводи сӯхт эҳтиёҷ дорад.

XS
SM
MD
LG