Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон омӯзгореро шавҳараш бо табар зад


Омӯзгореро дар шаҳри Каттақурғони вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рӯзи 25 декабр шавҳараш бо табар задааст. Ин зан зинда монда, аммо ҷароҳати зиёд бардоштааст, хабар медиҳанд мақомоти интизомии Ӯзбекистон.

Омӯзгор субҳи 25 декабр бо ҷароҳатҳои вазнин назди дарвозаи мактаб пайдо шуд.

"Дар ноҳияи мо деҳае бо номи "Сталин" ҳаст. Марде аз ҳамин деҳа бо омӯзгор робитаи заношӯӣ дошт. Мо субҳ аз садои доду фарёд бедор шудем ва дидем, ки ҳамкори мо назди дарвозаи мактаб хоб аст. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯро шавҳараш бо табар задааст", - гуфт як ҳамкори омӯзгори маҷруҳ.

Мақомоти интизомии шари Каттақурғон мегӯянд, марди гумонбар боздошт шудааст.

"Гумонбар П.М. рӯзи 26 декабр боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. Зан зинда монда, айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст. Нисбати мард бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз шуд. Бино ба иттилои пешакӣ, мард аз рӯи рашк ба ҳамсараш ҳамла кардааст", - хабар доданд мақомоти интизомӣ.

Мард бо табар дар сару рӯ ва дасту пои зан задааст. Қисме аз захмҳо амиқ ва қисми дигар сатҳӣ шумурда мешаванд. Дар ҳоли ҳозир вазъи вай муътадил арзёбӣ мегардад.

XS
SM
MD
LG